Декабр 09, 2017 09:56 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми донишҷӯёну устодони довталаб барои омӯзиши забони русӣ ба Тоҷикистон

Дар чорчуби барномаи “Фиристодагони забони русӣ ба ҷаҳон” 54 нафар аз донишҷӯёну устодони довталаб таи як ҳафта барои омӯзиши забони русӣ ба 4 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон эъзом хоҳанд шуд.

Ба нақл аз Спутник, ин афрод дар ин муддат дар мактабҳои Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ, тадриси торих ва фарҳанги Русия машғул хоҳанд шуд .

Аксари ин афрод донишҷӯёну устодони 20 донишгоҳи Русия ва дар радаи синнии 18 то 30 сол ҳастанд, ки бар асоси озмӯн аз миёни 5 ҳазор довталаб баргузида шудаанд .

Ин афрод дар Тоҷикистон дар мактабҳое, ки бо кумаки донишгоҳи муштараки Русияу Тоҷикистон мушаххас шудааст, ба тадриси забони русӣ хоҳанд пардохт .

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи августи имсол низ дар остонаи оғози соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон Вазорати маорифи Русия ва 30 устоди забони русӣ, физика, риёзиёт ва Компютерро аз манотиқи мухталифи ин кишвар барои тадрис ба донишомӯзони мактабҳои русии забони Тоҷикистон ба ин кишвар эъзом кард .

Ин омӯзгорон дар тӯли як сол бештар дар мактабҳои вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон тадрис хоҳанд кард ва дар сурати муваффақият, қарордоди онон тамдид хоҳад шуд .

Маоши ин омӯзгорон 74 ҳазор рубл муодили ҳазору 200 доллар хоҳад буд, ки аз ин 14 ҳазор рубл наздик ба 200 долларро Тоҷикистон ва 60 ҳазори боқимондаро Вазорати маорифи Русия пардохт хоҳад кард .