Эътирози раиси Федератсияи муҳоҷирони ИДМ ба ҳукми ихроҷ аз Русия
(last modified Sun, 10 Dec 2017 07:59:17 GMT )
Декабр 10, 2017 12:59 Asia/Dushanbe
  • Эътирози раиси Федератсияи муҳоҷирони ИДМ ба ҳукми ихроҷ аз Русия

Вакили мудофеи Каромат Шарипов, раиси Федератсияи муҳоҷирони Иттиҳоди кишварҳои мустақил ба ҳукми ихроҷи мувакилаш аз хоки Русия, эътироз кард.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, Александра Медведева аз ҳукми додгоҳи шаҳри Любертси ба додгоҳи вилояти Маскав шикоят кард.

Гулбаҳор Қодирова, сухангӯи раиси Федератсияи муҳоҷирон мегӯяд, додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 12 декабр ба баррасии шикояти Каромат Шарипов ва эътирозаш ба ҳукми додгоҳи шаҳри Любертси, мепардозад.

Каромат Шарипов дар моҳҳои охир дар чанд эътисоб ва гирдиҳамоии эътирозии коргарони муҳоҷир бо мавзӯи пардохти ҳуқуқ ва дастмузд аз корфармоёне, ки бештар ширкатҳои пурнуфузи Русия буданд, ширкат карда буд.

Вай дар моҳи сентябр пас аз эътирози муҳоҷирони тоҷик дар бозори “Маскав” аз додситонии минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ҳам ҳушдори расмӣ гирифта буд.

Додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав баъдан ҳукми ихроҷи Каромат Шарипов аз хоки Русияро ба иттиҳоми “ахзи тобеияти Русия аз роҳи ғайримуҷоз”, дар рӯзи 30 ноябр содир кард.

Баъд аз эъломи ҳукми додгоҳ, Каромат Шарипоф ба боздоштгоҳи муҳоҷирони хориҷӣ дар шаҳраки Егоревск мунтақил шуд.

Намояндагони Федератсияи муҳоҷирон ва Ҷунбиши коргарони муҳоҷири  тоҷик дар Русия, ду созмони таҳти мудирияти Каромат Шарипов мӯътақиданд, ҳукми ихроҷи вай, ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ба фаъолиятҳояш дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон марбут аст.

Каромат Шарипов аз ибтидои соли 2000 токунун дар Маскав ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон, машғул аст.