Сироҷиддин Аслов бо Салоҳиддин Раббонӣ дидор кард
Дар ҳошияи 24-умин нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, рӯзи гузашта вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши сойти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, 8 декабри соли ҷории милодӣ, дар ҳошияи 24-умин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Сироҷиддин Аслов бо вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Афғонистон, Салоҳиддин Раббонӣ дар шаҳри Вена дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор масоили марбут ба тавсеаи равобити дуҷониба ва чандҷониба ва мавзуҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд, ҳамчунин татбиқи тарҳҳои зерсохтори ҳамлу нақл, энержӣ ва барномаҳои муҳимми иқтисодии дорои аҳамияти миллӣ ва минтақаӣ, мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.
Дар ин дидор, тарафҳо атрофи чорабинии сатҳи баланди байнамилалӣ дар доираи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ки баргузории он соли оянда дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор намуданд.