Декабр 11, 2017 11:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва подшоҳи Урдун бар густариши равобит

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва подшоҳи Урдун бар густариши равобити ду кишвар ва рушди ҳамкорҳои дуҷониба, таъкид карданд.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии худ ба Урдун рӯзи 10 декабр, бо Абдуллоҳ II- подшоҳи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба зарфиятҳои фаровони Тоҷикистон ва Урдун барои густариши ҳамкорӣ, гуфт: «мо омодаем бо дарназардошти манофеи миллии ду кишвари дӯст, аз тамоми имконот барои таҳкими ҳамкориҳо истифода кунем.»

Ҳамчунин дар ин дидор масоили рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Урдун дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ дар роҳи таъмини амният ва субот дар кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳон ва кумак ба пешрафти кишварҳои минтақа, баррасӣ шуд.

Дар поёни ин дидор чандин санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, маориф ва фарҳанг, кишоварзӣ, варзиш ва гардишгарӣ ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳонӣ Фавзӣ ал Мулкӣ, нахуствазири Урдун низ дидору гуфтугӯ кард.

Пеш аз ин Юсуф Шаварбеҳ, раиси шаҳри Уммон ба хотири талошҳои созандаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар роҳи барқарории муносиботи дипломатӣ байни ду кишвар ва таҳкими дӯстӣ ва бародарии мардумони Тоҷикистон ва Урдун, бо тақдими калиди рамзии тиллоии шаҳри Уммон ба Эмомалӣ Раҳмон, ӯро шаҳрванди ифтихории шаҳр эълом кард.