Дастури қатъи каналҳои иртиботии интернетӣ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 12 Dec 2017 05:47:56 GMT )
Декабр 12, 2017 10:47 Asia/Dushanbe
  • Дастури қатъи каналҳои иртиботии интернетӣ дар Тоҷикистон

Раиси хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастури қатъи фаъолияти каналҳои иртиботии NGN, VIBER, WHATSAPP, TELEGRAM ва IMO-ро содир кард.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Бег Сабурӣ далели ин иқдомро мулоҳизоти амнияти миллии Тоҷикистон унвон кардааст .

Коршиносон мегӯянд, ки ин иқдом миллионҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон ба вижаи як миллиону 500 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷики дар Русияро аз иртиботи арзон бо хонаводаҳояшон маҳрӯм хоҳад кард .

Акнун ба ҳамаи ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетии телефонҳои ҳамроҳ, ки ба интернет муттасил буданд, дастур дода шудааст, ки иртиботи каналҳои мухобироти хориҷиро қатъ кунанд .

Хадамоти канали NGN ба ҳадде сода ва дастрас буд, ки бо қиммати бисёр поин метавонист иртиботи савтии корбаронро дар ҳар нуқта таъмин кунад, аз ин рӯ бештари корбарони ин канал муҳоҷирони тоҷики дар кишварҳои хориҷӣ буданд .

Қиммати ҳар дақиқа иртибот бо ин канал бар асоси муколимоти дохили кишвар муҳосиба мешуд .

Қаблан эълом шуд, ки бо сабти номи дубораи дорандагони телефони ҳамроҳ ва шумораҳои ин афрод бар асоси шиносномаи онон заминаи назорат бар тамосҳои телефонӣ аз як маркази мухобиротӣ фароҳам хоҳад шуд, ки ҳадаф аз ин иқдом низ  мулоҳизоти амнияти миллии Тоҷикистон унвон мешуд .

Бо ин ҳол яке аз кормандони ширкати фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки қатъ кардани ирсоли паёмакҳо кори содае нест .

Аз сӯи дигар, ба далели афзоиши андоз дар Тоҷикистон аксари ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ соли 2017-ро бо зиёни молии фаровон ба поён мерасонанд .