Бозгашти боз як қурбонии бадрафторӣ дар Арабистон ба Тоҷикистон
Боз як зани коргари тоҷик, ки дар Арабистони Саудӣ бо бадрафтории корфармои хеш рӯ ба рӯ шуда буд, ба Тоҷикистон бозгардонда шудааст.
Ба нақл аз манобеи хабарӣ дар Тоҷикистон, ин фард Садбарг Сироҷова ном дорад, ки ба дунболи шикоят аз бадрафтории корфармои араб ба кишвараш бозгардонда шудааст.
Назокат Олимова, модари Садбарг гуфтааст, ки духтараш ба иллати фишору ранҷ кашидан дар Арабистон дучори нороҳатиҳои ҷисмӣ ва рӯҳӣ шудааст .
Мақомоти дипломатии Тоҷикистон пештар гуфта буданд, аз оғози соли 2017 токунун 35 нафар аз коргарони тоҷик шомили 28 зану ҳафт мард, ки дар Арабистони Саудӣ дар шароити бардагӣ кору зиндагӣ мекарданд, ба Тоҷикистон бозгардонда шуданд .
Бар пояи шикоёти ин афрод, мақомоти амниятии Тоҷикистон мудирони се ширкати корёбӣ “Ҷамол-2012”, “Абдулкарим” ва “Имкон-2015”-ро боздошту алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз карданд .
Иттиҳоми ин мудирон қочоқи инсон унвон шудааст .