Декабр 13, 2017 09:47 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди ҳукми ихроҷи раиси Федератсияи муҳоҷирони ИДМ аз Русия

Додгоҳи вилояти Маскав ҳукми ихроҷи Каромат Шарифов, раиси Федератсияи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва Шӯрои коргарони муҳоҷири Иттиҳоди кишварҳои мустақил (ИДМ)-ро ба Тоҷикистон, ки қаблан аз сӯи додгоҳи аввалия содир шуда буд, таъйид кард.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, дар ҷаласаи додгоҳи вилояти Маскав, ки рӯзи 12 декабри соли ҷорӣ бидуни ҳузури Каромат Шарифов ва бо мушорикати вакили мудофеи вай баргузор гардид, ҳукми додгоҳи шаҳри Любертси дар мавриди ихроҷи ӯ ба Тоҷикистон таъйид шуд.

Ин додгоҳ дархости хонум Александра Медведева, вакили мудофеи Каромат Шарифовро бино бар таъвиқи баррасии ин мавзуъ барои таъмини ҳузури вакилаш рад карда, раъй ба ихроҷи вай аз қаламрави Русия ба Тоҷикистон дод. Додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав қаблан дар таърихи 30-уми ноябри имсол, ҳукми ихроҷи Каромат Шарифов аз хоки Русияро ба иттиҳоми ахзи тобеияти Русия аз роҳи ғайри муҷоз содир кард. Аммо нуктаи ҷолиб ин аст, ки Шарифов афсари бознишастаи артиши Русия мебошад, ки ҳангоми хидмат дар Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар соли 1993, тобеияти ин кишварро пазируфта буд. Дар он замон Тоҷикистон ҳанӯз шиносномаҳои ҷадиди шаҳрвандӣ надошт ва Шарифов амалан ҳеҷ иртиботе бо Тоҷикистон надорад.

Каромат Шарифов дар моҳҳои охир дар чанд эътисоб ва гирдиҳамоии эътирозии коргарони муҳоҷир бо мавзуи пардохти ҳуқуқ ва дастмузд аз корфармоёне, ки бештар ширкатҳои пурнуфузи Русия буданд, ширкат карда буд. Вай дар моҳи сентябр пас аз эътирози муҳоҷирони тоҷик дар бозори "Маскав" аз додситонии минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ҳам ҳушдори расмӣ барои ончи, ки "таҳрик ба эътисоб ва нофармонӣ унвон мешуд" гирифта буд. Коршиносон муътақиданд ҳукми ихроҷи вай, ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ба фаъолиятҳояш дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷир марбут аст.