Декабр 13, 2017 10:16 Asia/Dushanbe
  •  3 сол зиндон барои 5 коргари тоҷики гӯристони Хованскоеи Маскав

Додгоҳи минтақаи Шербинкаи шаҳри Маскав 5 коргари тоҷикро ба иттиҳоми мушорикат дар даргирии хунини моҳи майи соли 2016 дар гӯристони Хованское, дар пойтахти Русия ба 3 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории русии “ТАСС”, ин додгоҳ пас аз наздик ба 1,5 аз даргирии хунини дар гӯристони Хованскоеи Маскав, ки мӯҷиби кушта шудани 3 шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани 20 нафар гардид, барои ҳар 5 коргари муҳоҷири тоҷик, ҳукми маҳкумияти 3 сол ба зиндонро содир кард.

Аммо додгоҳи минтақаи Шербинкаи шаҳри Маскав иттиҳоми мушорикат дар даргирии аз қабл тарроҳӣ шуда ва тахриби амволи умумӣ, ин 5 нафарро дар ин моҷаро рад кард. Аз ин рӯ, Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоймардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриев ба иттиҳом авбошӣ ҳар як ба 3 сол зиндон маҳкум шуданд, ки даврони 1,5 дар боздошт будани онон низ шомили ин ҳукм мешавад. Беш аз 200 коргари тоҷик дар ин гӯристон ба унвони руфтагар, сангтарош ва қабркан фаъолият мекарданд, ки бо интисоб Юрий Чабуев ба симмати мудири гӯристони Хованское, вай

 Аз тоҷикон дархости афзоиши саҳми молӣ карда буд ва пас аз мухолифати онон, барои тарсондан ва ихроҷи ин афрод аз гурӯҳҳои мофиёӣ кумак гирифт, ки мӯҷиби муқовамати тоҷикон гардид.

Дар миёни 16 муттаҳам дигар ин парванда, ки дар боздошт басар мебаранд, Юрий Чабуев, мудири вақти гӯристони Хованское низ ҳузур дорад, ки ба гуфтаи мақомоти пулиси Маскав, вай бо ҳадафи ихроҷи коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин макон бо кумаки гурӯҳҳои мофиёи қафқозитабори ин даргирии хунинро тарроҳӣ ва иҷро кардааст.