Сарнавишти мубҳами Каромат Шарифов пас аз интиқол ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i26785-Сарнавишти_мубҳами_Каромат_Шарифов_пас_аз_интиқол_ба_Тоҷикистон
Сарнавишти Каромат Шарифов, раиси Иттиҳодияи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва Шӯрои коргарони муҳоҷири ИДМ, бо гузашти ҳудуди 10 соат аз интиқоли ӯ ба Тоҷикистон, ҳамчунон мубҳам аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 13, 2017 11:03 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти мубҳами Каромат Шарифов пас аз интиқол ба Тоҷикистон

Сарнавишти Каромат Шарифов, раиси Иттиҳодияи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва Шӯрои коргарони муҳоҷири ИДМ, бо гузашти ҳудуди 10 соат аз интиқоли ӯ ба Тоҷикистон, ҳамчунон мубҳам аст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, интиқоли Каромат Шарифов, аз Русия ба фурудгоҳи Кӯлоб дар соати 3 бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) хабар дод. Аз он соат ба баъд касе аз сарнавишти ин фаъоли умури муҳоҷирин, ки ба далели дифо аз ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик ва дигар кишварҳои ИДМ мавриди ғазаби мақомоти русӣ қарор гирифтааст, хабаре надорад.

То ин лаҳза аз рӯз ҳам мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи интиқоли Каромат Шарифов ба ватанаш иттилое надодаанд.

Каромат Шарипов дар моҳҳои охир дар чандин корпартоиву гирдиҳамоиҳои эътирозии муҳоҷирони корӣ бо талаби рӯёндани маоши онҳо аз корфармоёне, ки аксар ширкатҳои пурнуфуз буданд, ширкат варзида, моҳи сентябр дар пайи эътирози муҳоҷирони тоҷик дар бозори "Москва” аз ҷониби додситонии минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ҳушдори расмӣ гирифта буд.

Ахиран додгоҳи вилояти Маскав ҳукми ихроҷи Шариповро, ки қаблан дар додгоҳи аввалияи содир шуда буд, таъйид кард.

Ҷаласаи додгоҳи вилояти Маскав, ки рӯзи сешанбе бидуни ҳузури Шарифов ва бо мушорикати вакили мудофеи вай баргузор шуд, ҳукми додгоҳи шаҳр Любертсиро дар бораи ихроҷи ӯ ба Тоҷикистон таъйид кард.

Интиқоли иҷбории Каромат Шарифов аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб намешавад.