Дастгирии як донишҷӯ ба иттиҳоми фурӯши василаи оташбозӣ
Дар остонаи соли нави милодӣ, кормандони пулиси Тоҷикистон беш аз як ҳазор модаи тарканда (хлопушка)-ро аз як донишҷӯ кашфу забт карданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгирии як донишҷӯи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ як навҷавони 15 сола, ба иттиҳоми фурӯши ғайри қонуни василаи оташбозӣ хабар дод.
Бино ба гузориши вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин донишҷӯ ва шарики навҷавонаш аз тарафи кормандони пулис дар маҳдудаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, дастгир шудаанд.
Дар бозрсиҳои анҷом шуда аз ин ду нафар, 1040 адад василаи оташбозӣ кашфу забт шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамасола бо оғози фасли сармо ва наздик шудан ба соли нави милодӣ, хариду фурӯши василаи оташбозӣ шурӯъ мешавад.
Чанд рӯз пеш низ Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз дастгирии як сокини 39 солаи шаҳри Истаравшан хабар дода буд. Аз ин фард ҳам 7840 адад василаи оташбозӣ кашфу забт шуда буд.
Хариду фурӯши василаи оташбозӣ (хлопушка) аз соли 2008 дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст.