Як швейтсариёӣ мустанаде дар бораи Тоҷикистон сохт
Клод Марталер дучархасавори швейтсарияӣ,ки чандин мартаба бо дучарха ба Тоҷикистон сафар карда, филми мустанаде дар бораи ин кишвар таҳия кардааст.
Ба гузориши сойти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, 11 декабри соли ҷорӣ бо ибтикори сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, нишасте бо ҳадафи ҷалби бештари гардишгарони хориҷӣ ва таблиғу ташвиқи симои кишвари Тоҷикистон ва ройзании иттилоотӣ, дар шаҳри Женева баргузор шуд. Ҳамзамон кормандони сафорати Тоҷикистон дар Женева, ҷозибаҳои гардишгарӣ ва сиёсати рушди туристии ин кишварро ба мухотабон муаррифӣ ва брошюраҳои таблиғотӣ-иттилоотӣ ба онҳо тақдим карданд.
Бино бар иттилои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Клод Марталер низ бо ҳадафи муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон ва сабти хотироти сафари худ, иқдом ба таҳияи ин филми мустанад карда ва онро пешкаши ҳозирин гардонд.