Декабр 14, 2017 11:19 Asia/Dushanbe
  • Таъмини 90-дарсадии орди мавриди ниёзи Тоҷикистон дар дохили кишвар

Вазири саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон аз таъмини 90-дарсадии орди мавриди ниёзи мардуми ин кишвар аз дохили ин ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Парлумони Тоҷикистон, Шавкат Бобозода дар нишасти Маҷлиси намояндагони ин кишвар барои баррасии тарҳи қонуни "Коркарди гандум ва маҳсулоти он" ҳамчунин гуфт: Дар корхонаҳои дохили Тоҷикистон коркарди гандум дар се соли охир афзоиш ёфта, ки ин амр сабаби коҳиши воридоти орд аз хориҷ, ба вижа аз Русия ва Қазоқистон мешавад.

Ба гуфтаи Бобозода дар соли 2012 аз хориҷ ба Тоҷикистон 360 ҳазор тон орд ворид шуд, аммо имсол ин шохис ба 88 ҳазор тон расидааст, зеро дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 65 корхонаи орд бо зарфияти ду миллион тон орд дар сол фаъолият мекунанд.

Вай далели афзоиши воридоти гандум ба ҷойи орд ба Тоҷикистонро тасҳилоти гумрукӣ эълом кардааст, зеро акнун дар баробари ҳар як тон гандуми воридотӣ 10 дарсад авориз гирифта мешавад.

Коршиносон мегӯянд, воридоти гандум аз Қазоқистон ва Русия ва табдили он ба орд дар дохили Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ ба сарфа аст ва арзонтар тамом мешавад.

Дар Тоҷикистон солиёна наздик ба як миллион тон гандум бардошт мешавад, ки барои таъмини ниёзи дохилӣ кофӣ нест, аз ин рӯ ҳукумат барои таъмини ниёзи мардум ҳамасола аз Русия ва Қазоқистон беш аз як миллион тон гандум ворид мекунад.

Дар ҳоли ҳозир дар бозорҳои Тоҷикистон қимати як халтаи 50-килоии орди воридотӣ аз Қазоқистон наздик ба 175 то 180 сомонӣ ва орди тавлиди дохилӣ 165 сомонӣ аст.