Таъкиди Тоҷикистон бар зарурати ҳалли мусолиматомези масъалаи Фаластин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i26837-Таъкиди_Тоҷикистон_бар_зарурати_ҳалли_мусолиматомези_масъалаи_Фаластин
Ҳайати Тоҷикистон ба раёсати нахуствазири ин кишвар мавзеи Душанберо дар бораи масъалаи Фаластин дар нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар Истамбул эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 14, 2017 08:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон бар зарурати ҳалли мусолиматомези масъалаи Фаластин

Ҳайати Тоҷикистон ба раёсати нахуствазири ин кишвар мавзеи Душанберо дар бораи масъалаи Фаластин дар нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар Истамбул эълом кард.

Ба гузориши дафтари иттилорасонии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон дар нишасти фавқулоддаи Созмони ҳамкории исломӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Истамбули Туркия баргузор шуд, бар зарурати иттиҳоди ҷомеаи байналмилал ва ҳалли мунсифона ва мусолиматомези мавзӯи Фаластин таъкид кард.

Сироҷиддин Аслов вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Истамбул эълом кард, мавзеи усулии Душанбе дар қазияи вазъияти шаҳри Байтулмуқаддас, табаият аз тасмимоти Созмони милали Муттаҳид дар ин замина аст.

Пеш аз ин низ Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе аз барномаи Амрико барои интиқоли сафораташ аз Телавив ба Байтулмуқаддас ибрози нигаронӣ карда ва ҳушдор дода буд, ки ин кор ба вахомати вазъияти сиёсӣ ва ба афзоиши танишҳои мазҳабӣ ва қавмӣ дар Ховари Миёна ва дар саросари минтақа мунҷар хоҳад шуд ва ба солҳо талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ дар эҷоди сулҳ дар Фаластин зарбаи ҷиддӣ мезанад.