Декабр 14, 2017 12:32 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои баста шудани гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон

Сухангӯи идораи марзбонии Тоҷикистон вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти милли ин кишвар хабари баста шудани як гузаргоҳ ва панҷ пули иртиботӣ бо Афғонистонро рад кард.

Ба гузориши сомонаи Азия-Плюс, Муҳаммад Улуғхоҷаев гуфтааст, ки ахбори мунташиршуда дар бораи баста шудани як гузаргоҳ ва панҷ пули иртиботӣ бо Афғонистон дар марзи муштараки ин ду кишвар воқеият надорад.

Қаблан радиои Озодӣ бо истинод ба мақоме аз раёсати вилояти Хатлон хабари баста шудани як гузаргоҳ ва панҷ пули иртиботӣ бо Афғонистонро ба далелҳои амниятӣ аз сӯи Тоҷикистон мунташир карда буд.

Ин радио ҳатто бо Аҳмад Файсал Бекзод волии Бадахшони Афғонистон мусоҳибае анҷом дод, ки ин мақоми афғон бо таъйиди хабар гуфта буд, бо мақомоти Тоҷикистон барои бозгушоии гузаргоҳ ва пулҳои басташуда музокираро оғоз кардааст.

Аммо сухангӯи Идораи марзбонии Тоҷикистон бо радди ин иддао таъкид кардааст, ки тамоми панҷ пули иртиботӣ миёни ин кишвар ва Афғонистон ба фаъолияти хеш идома медиҳад ва ҳеҷ гузаргоҳи марзӣ низ баста нашудааст.

Сокинони вилояти Бадахшони Афғонистон дар фасли сармо ба далели кӯҳистонӣ будани ин минтақа ва бориши барфи зиёд иртиботе бо маркази ин кишвар надоранд ва ба ҳамин сабаб сӯхт ва маводи ғизоии мавриди ниёзи хешро аз Тоҷикистон ворид мекунанд.