Каромат Шарифов дар бемористоне дар Душанбе
Раиси Иттиҳодияи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва Шӯрои коргарони муҳоҷири кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд (ИДМ), ки ба Тоҷикистон интиқол ёфта буд, дар бемористони “Ёри таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе таҳти дармон қарор дорад.
Сомонаи “Ахбор” бо истинод ба манобеи худ навиштааст, Каромат Шарифов, ки қабл аз интиқол ба Тоҷикистон мавриди амали ҷарроҳии сутуни фуқарот қарор гирифта буд, акнун дар ин бемористон мудово мешавад.
Теъдоде аз бастагони вай, ки озодона ба аёдаташ меоянд, мӯътақиданд бо пайгирии вакилони мудофеи Каромат Шарифов дар бораи мавзӯи ихроҷи вай аз Русия, шояд ӯ битавонад пас аз муддате дубора ба Русия бозгардад.
Вакилони ин фаъоли умури дифоъ аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷир, ихроҷи вай аз Русия ба Тоҷикистонро ғайриқонунӣ медонанд.
Ҳамчунин сомонаи “Ахбор” таъкид мекунад, яке аз иллатҳои ихроҷи Каромат Шарифов аз Русия, муқобилаи вай бо мофиёи яҳудиёни қафқозитабор дар марокизи муҳимми тиҷории Моаскав аст, ки ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик ва дигар кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсудро нақз мекунанд.
Аммо баназар мерасад, ки ин гурӯҳи мофиёӣ бо истифода аз лобии худ дар сохторҳои интизомии Русия, муваффақ ба ихроҷи Каромат Шарифов аз хоки ин кишвар ба Тоҷикистон шудааст.
Каромат Шарифов пас аз ҳаводиси бозори “Маскав” ва дар пайи лату куби як коргари муҳоҷири тоҷик ба номи Наврӯз Зикиров, тавассути нигаҳбонони ин бозор ва эътирози густурдаи коргарони муҳоҷири тоҷик ба ин иқдом, боздошт шуд.
Интиқоли иҷбории Каромат Шарифов аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб намешавад.