Нороҳатии русҳо аз тағйири номи хиёбонҳои Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i2689-Нороҳатии_русҳо_аз_тағйири_номи_хиёбонҳои_Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Русия аз тағйири номи бархе кӯча ва хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон ба асомии тоҷикӣ (форсӣ) ибрози нороҳатӣ кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 20, 2016 13:28 Asia/Dushanbe
  • Нороҳатии русҳо аз тағйири номи хиёбонҳои Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Русия аз тағйири номи бархе кӯча ва хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон ба асомии тоҷикӣ (форсӣ) ибрози нороҳатӣ кардааст.

Ба гузориши ИРНА, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар нишасти хабарӣ дар Маскав, гуфт, ин хиёбонҳо ва амокин дар гузашта номи қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, олимон ва фарҳангиёни Шуравиро доштанд, ки ҳоло иваз шудаанд.

Ба гуфтаи Мария Захарова ин масаъла вокунишҳои густардае низ дар расонаҳои маҳаллӣ доштааст.

Масъулони Вазорати умури хориҷаи Русия ибрози умедворӣ кардаанд, ки мақомоти тоҷик ҳангоми тағйири номи кӯча ва хиёбонҳои пойтахт аз низомиёни тоҷики бозмонда аз Шуравии собиқ, ки дар ин заминаҳо низ соҳибназаранд машварат бихоҳанд.

Бо ин ҳол, мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳадаф иваз кардани номи кӯча ва хиёбонҳо, аз байн бурдани фарҳанги Шуравӣ нест ва сирфан бар асоси қавонини Тоҷикистон сурат мегирад.

Абдураҳим Зулфониён, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон иддаои намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи тағйири номи кӯча ва хиёбонҳо дар шаҳри Душанберо бе асос хонд ва гуфт, таъини номҳои ҷадиде барои кӯча ва хиёбонҳо танҳо ба манзури эҳёи арзишҳои миллии мардуми тоҷик аст.

Тағйири номи кӯча ва хиёбонҳои шаҳр, навоҳӣ ва ҳатто устонҳо дар Тоҷикистон аз 15 соли пеш оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.