Декабр 15, 2017 19:19 Asia/Dushanbe
  • Эрону Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои гумрукӣ имзо карданд

Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои гумрукии Эрону Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси фавқулоддаи Шӯрои Созмони Ҷаҳонии Гумрук дар Брюссел ба имзои раисони созмонҳои гумруки ду кишвар расид.

Ба иттилои Созмони гумруки Эрон, ин ёддошти тафоҳум сарфасли муҳиме дар тавсеаи муносиботи байналмилалии гумрукӣ дар равобити Эрону Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Мувофиқатномаи дуҷониба дар бораи кумакҳои мутақобили умури идории гумрукӣ дар соли 2002 ба имзои раисони созмонҳои гумруки ду кишвар расида буд.

Фуруд Асгарӣ, раиси кулли Созмони гумруки Эрон дар ҳошияи ин дидор бо истиқбол аз тавсеаи равобити гумрукии дуҷониба ба заминаҳои тавсеаи равобити иқтисодӣ ва муштаракоти фарҳангии ду кишвар таъкид ва аз ҳамтои тоҷики худ барои сафар ба Эрон даъват кард.