Декабр 16, 2017 10:03 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия

Бонки марказии Русия эълом кард, мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ тайи 9 моҳи соли ҷорӣ ба кишварашон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 16 дарсад ё 231 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи Бонки марказии Русия, мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия тайи моҳи соли ҷорӣ 1 миллиарду 663 миллион доллар будааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 16 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Бар асоси гузориши Бонки марказии Русия, коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ танҳо тайи семоҳаи сеюми имсол ба Тоҷикистон 741 миллион доллар ирсол кардаанд, ки ин кишвар пас аз Ӯзбакистон аз назари маблағҳои мунтақилшуда аз Русия дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад.

Коршиносон муътақиданд, ки агар раванди ирсоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба кишварашон аз Русия то поёни соли ҷорӣ ба ҳамин мизон идома ёбад, барои бори нахуст тайи 3 соли ахир аз ҳаҷми 2 миллиард доллар фаротар хоҳад рафт. Зеро пас аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар соли 2014 мизони маошу дастмуздҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишвар ба шиддат коҳиш ёфтааст, ки ин амр муҷиби ошуфтагӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон шудааст.

Ин дар ҳолест, ки коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар соли 2013 ба кишварашон 4 миллиарду 200 миллион доллар ирсол карда буданд, ки рекорд ба ҳисоб меомад. Аммо афзуда шудани пардохти маблағ барои дарёфти муҷаввизи кору иқомат, ҳаққи бимаи иҷтимоиву молиёт барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳазинаи сангинеро дар Русия ба ин афрод таҳмил мекунад, ки муҷиби коҳиши мизони даромади молии онон мешавад.

Бонки ҷаҳонӣ низ дар гузорише таъкид кардааст, ки коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия тайи 3 соли ахир, хонаводаҳои ин афрод дар Тоҷикистонро водор мекунад, ки аз харидҳои калон худдорӣ варзанду дар харҷи ин маблағҳо таҷдиди назар кунанд.