Парвандаи ҳамла ба раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон бенатиҷа баста шуд
Пас аз як моҳ таҳқиқ, парвандаи ҳамла ба Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон баста эълом шуд.
Ба гузориши “ТОП ТҶ”, мақомоти идораи полиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфтаанд, ба иллати шиносоӣ нашудани латукӯбкунандагон, ин парванда бидуни натиҷа монда ва баста эълом шудааст.
Раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон низ гуфтааст, масъулони идораи полиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин мавзӯро ба вай эълом карда, аммо аз додани нусхаи расмии тасмим барои махтума эълом шудани парванда ба вай, худдорӣ кардаанд.
Зоиров таъкид кардааст, аз қабл медониста, ки полис ин афродро шиносоӣ нахоҳад кард ва ин ҳодиса низ монанди 10 парвандаи қаблии ҳамла ба вай ва дафтари Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон ба ҷое нахоҳад расид.
Дар солҳои қабл бо вуҷуде, ки ҳатто наворҳои видеоии ҳамлаи афрод ба дафтари ин ҳизб дар шаҳри Душанбе дар ихтиёри полис қарор дода шуд, ликин таҳқиқи онон ба ҷое нарасид.
Хонум Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон муътақид аст, тайи чаҳор соли ахир борҳо ба Раҳматуллоҳ Зоиров ва дафтари Ҳизби сотсиал - демократ дар шаҳри Душанбе ҳамла шудааст, вале ба назар мерасад полис барои шиносоӣ ва боздошти афроди мазнун дар ин ҳаводис тамоюли чандоне надорад.
Ба гуфтаи вай, полис дар зоҳир эълом мекунад, ки парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд, вале ҳар бор ин парванда ба натиҷае намерасад.
Дар солҳои 2011 ва 2013 низ ҳамалоти мушобеҳе ба чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва Муҳаммадалии Ҳайит, аз масъулони вақти Ҳизб мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ба захмӣ ва бистарӣ шудани онон анҷомид. Аммо таҳқиқоти полис барои ёфтани латукӯбкунандагон ба ҷое нарасид.
Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲСДТ шаби нуҳуми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи се нафар қарор гирифт ва аз ноҳияи дасти рост ба шиддат осеб дид.