Дидори раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо муҳоҷирон дар Маскав
(last modified Sat, 16 Dec 2017 07:59:36 GMT )
Декабр 16, 2017 12:59 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо муҳоҷирон дар Маскав

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо муҳоҷирони тоҷик дар масҷиди марказии шаҳри Маскави Русия дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Сайидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи ҷумъа, 15-уми декабр бо садҳо муҳоҷири тоҷике, ки барои адои намози ҷумъа ба масҷиди “Проспект Мир” дар шаҳри Маскав омада буданд, дидор ва гуфтугӯ кард.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчунин қасд дорад дар дигар манотиқи Русия низ бо муҳоҷирони тоҷик дидору гуфтугӯ кунад.

Сафари Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба Русия пас аз дидори ӯ бо Равил Ғайнуддин, муфтии мусалмонони Русия оғоз шуд.

 Дар ин дидор ду тараф бо изҳори ризоят аз сатҳи кунунии муносиботи дӯстона миёни Тоҷикистон ва Русия ва ҳамкориҳо байни Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Идораи мусалмонҳои Русия, бар рушди ҳамкориҳо дар оянда таъкид карданд.

Ин ду ҳамчунин хостори таҳияи тавофуқи дуҷониба барои муборизаи муштарак бо ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ шуданд.

 Сафари Абдулқодирзода ба Русия дар ҳоле сурат гирифт,ки чанде пеш Албир Курганов, муфтии шаҳри Маскав Шӯрои уламои Тоҷикистонро ба бетаваҷҷуҳӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия муттаҳам карда буд.

Вай гуфта буд, бо вуҷуди даъватҳои мукаррари муфтиёти Русия, Тоҷикистон то кунун касе аз ҷомеаи рӯҳониюни ин кишварро ба Русия нафиристодааст то муҳоҷирони тоҷикро насиҳат ва мавъиза кунад.

Дар пайи ин моҷаро Шӯрои уламои Тоҷикистон бо интишори баёнияе иддаои муфтии Маскавро рад ва эълом кард, ҳамкории Шӯрои уламои Тоҷикистон бо ниҳодҳои расмии динии Федератсияи Русия дар сатҳи хубе қарор дорад.