Декабр 16, 2017 13:44 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз китоби “Мусулмонон; таърихи воқеии инкишоф ва таназзул”

Маросими рӯнамоӣ аз китоби “Мусулмонон; таърихи воқеии инкишоф ва таназзул”, таълифи доктор Давлаталӣ Давлатзода, шарқшиноси тоҷик дар Маркази мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши сайти “Ховар”, дар маросими муаррифии ин китоб Шамсуддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон ва намояндагоне аз ҷомеаи илмӣ ва адабии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Китоби тозанашри доктор Давлаталӣ Давлатзода бо матлаъи “Таълимоти дини мубини Ислом ва ғояи усулии он дар баробари тоату ибодат, инчунин сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад”, аз суханони Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст.

 Доктор Давлатзода дар ин китоб дар бораи дирӯз ва имрӯзи зиндагии мусалмонон сухан гуфта ва илали иртиқо ва таназзули тамаддуни исломиро баррасӣ кардааст.

 Ба эътиқоди муаллиф, ин китоб кӯшише аст барои таъйини авомиле, ки ба пешрафти тамаддуни исломӣ кумак карда ва ҳамчунин шинохти авомилест, ки боиси таназзул дар ҷаҳон Ислом шудаанд.

Дар таълифи китоби “Мусулмонон; таърихи воқеии тараққӣ ва таназзул” аз китоби Қуръон, ҳадисҳо ва 73 манбаи илмӣ иқтибос шудааст.

Доктор Давлаталӣ Давлатзода солҳои зиёде дар кишварҳои Миср ва Сурия ба кору фаъолият дар ҳавзаи сиёсӣ ва адабӣ машғул будааст.