Декабр 17, 2017 10:48 Asia/Dushanbe
  • Ширкати “Вавилон” дар Душанбе баста шуд

Ба дастури Хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон, дафтари ширкати фароҳамгари хадамоти интернетӣ ва телефонҳои ҳамроҳ мавсум ба “Вавилон”, дар шаҳри Душанбе баста шуд.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, мақомоти ин ширкат гуфтаанд, ки далели ин иқдоми Хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон ба мавқеъ қатъ накардани хидматрасонӣ ба муштариён дар хориҷ будаи хадамоти “NGN” мебошад, ки ба баҳонае барои бастани дари дафтари ширкати “Вавилон” табдил шудааст.

Чанд рӯз қабл ба дастури Бек Сабурӣ, раиси Хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон унвони ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ ва телефонҳои ҳамроҳ таъкид шуда буд, ки дар ин кишвар бояд фаъолият каналҳои иртиботии “NGN”, “Viber”,”Whatsapp”, “Telegram” ва “IMO” қатъ шавад. Далели ин иқдом аз сӯи Хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон "мулоҳизоти амнияти миллии Тоҷикистон", унвон шудааст. Аммо яке аз коршиносони умури мухобирот дар Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш гуфтааст, ки таъсиси маркази воҳиди иртиботӣ ба ҳадафи таҳти контроли Хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон гирифтани тамоми муколимот бо хориҷ, интизороти ин хадамотро бароварда накард ва ба буҷаи давлат ва ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ вателефонҳои ҳамроҳ, хисороти молии фаровон ворид сохт.

Зеро бо афзоиши нархи муколимоти хориҷӣ аз 60 дирам ба 1 сомониву 50 дирам то 2 сомонӣ ба шиддат шумораи ин тамосҳоро коҳиш дод. Аз ин рӯ, ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ ва телефонҳои ҳамроҳ ба муштариёни хеш, истифода аз канали иртиботии “NGN”-ро пешниҳод карданд, ки тамосҳои хориҷӣ бо нархи муколимоти дохилӣ муҳосиба мешуд. Коршиносон мегӯянд, ки ин иқдом миллионҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон ва бавижа як миллиону 500 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик дар Русияро аз иртиботи арзон бо хонаводаҳояшон маҳрум хоҳад кард.