Декабр 17, 2017 13:00 Asia/Dushanbe
  • Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Истамбул ифтиттоҳ мешавад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дафтари намояндагии худро дар Истамбули Туркия ифтиттоҳ хоҳад кард.

Ба гузориши “Топ Тҷ”, Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ин тавофуқ дар ҷараёни сафари ахири як ҳайати олирутба аз Вазорати корҳои дохилии Туркия ба Тоҷикистон ҳосил шуда ва ҳамакнун мароҳили омодасозии мадорики лозим барои ин иқдом, дар ҳоли анҷом аст.

Умарҷони Эмомалӣ, ифтиттоҳи намояндагии Тоҷикистон дар Истамбулро бо таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ, муртабит донист.

Ӯ бо ишора ба пайвастани бархе аз шаҳрвандони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ аз тариқи Туркия дар солҳои ахир, тасреҳ кард, намояндагии расмии мо дар Туркия бо ҳамкории пулиси ин кишвар метавонад дар баробари чунин талошҳое, дар оянда муқобила кунад.

Бар асоси тавофуқномаҳои байнидавлатӣ, мақомҳои Туркия тайи ду соли ахир даҳҳо шаҳрванд Тоҷикистонро пас аз бозгашт аз Сурия ва Ироқ боздошт ва ба Душанбе, истирдод кардаанд.

Дар дидори ахири Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо Биналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия ҳам, ки дар чорчӯби Иҷлоси Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Истамбул сурат гирифт, бар тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризм таъкид шуд.

Дар ин дидор ду тараф талошҳои кудатои низомии анҷом шуда, тавассути аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф дар ҳар ду кишварро маҳкум ва барои ҳамкории бештар дар заминаи амният, иброз омодагӣ карданд.

Бар асоси иттилооти расмӣ, ҳудуди се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия ҳузур доранд, ки бештар дар ҳавзаи тиҷорат машғул бакор ҳастанд.