Декабр 18, 2017 11:41 Asia/Dushanbe
  • Дӯрнамои ташдиди назорат бар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Коршиноси русӣ масоили минтақа мӯътақид аст, ки дар сурати бастани бархе аз гузаргоҳҳои марзӣ, миёни Тоҷикистон ва Афғонистон бештари мардуми маъмулӣ дар ду тарафи марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя, ки бо тиҷорати марзӣ зиндагӣ мекунанд, хисорот хоҳанд дид.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Андрей Серенко дар иртибот ба ташдиди тадобири амниятӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон гуфтааст, ки агар ба баҳонаи муқобила бо амалҳо ноамнӣ дар марзи муштараки ин ду кишвар иқдом ба бастан бархе аз гузаргоҳҳои марзӣ ё қатъи рафту омад аз тариқи 5 пули иртиботӣ кунанд, шаҳрвандони маъмулӣ мутаҳаммили хисороти молӣ хоҳанд шуд.

Вай мӯътақид аст, ки албатта Тоҷикистон метавонад барои муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир даст ба ташдиди тадобири амниятӣ дар марзи муштараки хеш бо Афғонистон бизанд. Аммо ин барнома муваққатӣ хоҳад буд ва бо оддӣ шудани авзоъ ҳама чиз дубора сариҷои худ бар мегардад. Дар ҳоле, ки барои сокинони вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон, ки чанд соле аст, аз мазоёи фаъолияти бозорчаҳои марзӣ истифода мекунанд, бастани пулҳои иртиботӣ зиёновар хоҳад буд. Зеро ин афрод, танҳо аз ҳисоби хариди маводи ғизоӣ ва сӯхт аз Тоҷикистон заминаи маишати хонаводаҳои хешро фароҳам мекунанд. Дар аксар маворид барои дармони маризони хеш низ сокинони вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба бемористонҳои Душанбе, муроҷиа мекунанд.

Сокинони вилояти Бадахшони Афғонистон дар фасли сармо ба далели кӯҳистонӣ будани ин минтақа ва бориши барфи зиёд, иртиботе бо марказ ин кишвар надоранд ва ба ҳамин сабаб сӯхт ва маводи ғизоии мавриди ниёзи хешро аз Тоҷикистон ворид мекунанд.

Вале қочоқи маводи мухаддир даромади пурсуде дорад, ки бондҳои мофиёӣ аз ин тиҷорат ба даст меоваранд. Чунон чи 1 кило ҳероин дар дохили Афғонистон 650 доллар нарх дорад. Пас аз убури марз дар дохили Тоҷикистон ин нархи ба 750 ва дар шаҳри Душанбе ба 1 ҳазор доллар мерасад. Агар ин миқдор ҳероин ба Маскав мунтақил шавад, то 80 ҳазор доллар нархгузорӣ хоҳад шуд. Бо ин ҳол, дар Аврупои Ғарбӣ нархи 1 кило ҳероин ба 500 ҳазор доллар мерасад.

Ахиран бархе аз хабаргузориҳо аз маҳдуд шудани фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ, миёни Тоҷикистон ва Афғонистон гузоришҳое мунташир карда буданд, ки фармондеҳи неруи марзбонии Тоҷикистон ин хабарҳоро такзиб кард.