Декабр 18, 2017 12:25 Asia/Dushanbe
  • Талоши Каромат Шарифов барои дидор бо вазири дохилии Тоҷикистон

Раиси Федератсияи муҳоҷирони Иттиҳоди кишварҳои мустақил (ИДМ) қасд дорад, бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва сафири Русия дар Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кунад.

Каромат Шарифов дар сӯҳбат бо хабарнигори “Азия Плюс”, гуфт, талош мекунад қарори мулоқот бо вазири дохилии Тоҷикистон дошта бошад.

Каромат Шарифов афзуд, ман афсари неруҳои мусаллаҳи Русия ҳастам ва мехоҳам ба ҳуқуқи ман эҳтиром гузошта шавад. Вай ҳамчунин гуфт, қасд дорад назди сафири Русия дар Тоҷикистон биравад ва бо ӯ низ дар бораи ҳаққи ва ҳуқуқи худ ва дар ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик, сӯҳбат кунад.

Вай таъкид намуд, дар ҳар ҷое, ки бошад барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик талош хоҳад кард.

Каромат Шарифов аз ибтидои солҳои 2000 дар Маскав ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон машғул аст. Вай дар моҳҳои ахир дар чандин гирдиҳамоии эътирозии муҳоҷирони корӣ бо ҳадафи тақозои пардохти ҳуқуқ ва дастмузди коргарони муҳоҷир аз корфармоёне, ки аксаран аз ширкатҳои пурнуфузи Русия буданд, ҳузур дошт ва моҳи сентябр дар пайи эътир аз муҳоҷирони тоҷик дар бозори “Маскав” аз додситонии минтақаи Люблинои шаҳри Маскав, ҳушдори расмӣ гирифт.

Баъдан додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав бо иттиҳоми ахзи тобеияти Русия аз роҳи ғайримуҷоз, рӯзи 30 ноябр ҳукми ихроҷи Каромат Шарифов аз қаламрави Русияро содир кард. Додгоҳи вилояти Маскав 12 декабр бидуни тағйири тасмими додгоҳи бадавӣ, Каромат Шарифовро аз Русия ихроҷ кард.

Вакилони ин фаъоли умури дифо аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷир, ихроҷи вай аз Русия ба Тоҷикистонро ғайриқонунӣ медонанд.

Интиқоли иҷбории Каромат Шарифов аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб намешавад.