Декабр 18, 2017 13:32 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Пентагон аз Тоҷикистон барои кумак ба Афғонистон

Вазорати дифои Амрико аз Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон барои кумаки ҳамаҷониба дар бозсозии Афғонистон, қадрдонӣ кард.

Ба гузориши “Топ Тҷ”, Вазорати дифои Амрико эълом кард, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сол 2017, дар мавриди вазъияти амниятӣ дар Афғонистон ва нуфузи эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ба хоки худ нигарон буданд. Нигаронии аслии ин кишварҳо имкони бозгашти шибҳи низомиёни гурӯҳи террористии ДИИШ, ки аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон омадаанд, ба ватани худ аст.

Ахиран Сироҷиддин Аслов низ дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Вена бо изҳори нигаронӣ аз таҷаммӯи ҷангҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аъзои ДИИШ дар Афғонистон гуфт, идомаи ин раванд дар кишвари ҳамсоя, хатари ҷиддӣ натанҳо барои Тоҷикистон балки барои марзи ҷанубии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дорад.

Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳур Афғонистон дар ҷараёни сафари худ ба шаҳри Душанбе дар моҳи майи соли ҷорӣ, аз Тоҷикистон барои ҳимоятҳои мустамар ва кумак дар заминаи амният ва бавижа барои эҷоди шароити дармони афсарон ва сарбозони афғон дар бемористонҳои ин кишвар қадрдонӣ карда буд.

Пентагон Осиёи Марказиро як минтақаи муҳим барои манофеи Амрико медонад ва аз тариқи кишварҳои ин минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон тадорукоти низомии худ дар Афғонистонро таъмин мекунад.

Ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм ба ҳамроҳи соири кишварҳои узви НАТО, токунун ҳеҷ дастоварде надошта ва ноамниҳо рӯзбарӯз дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 18 ҳазор низомии хориҷӣ, аз ҷумла 15 ҳазор низомии амрикоӣ ба баҳонаи таъмини амният дар Афғонистон ҳузур доранд.