Интиқоли таслеҳоти низомии русӣ ба артиши Тоҷикистон
(last modified Tue, 19 Dec 2017 04:47:14 GMT )
Декабр 19, 2017 09:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли таслеҳоти низомии русӣ ба артиши Тоҷикистон

Русия ба Тоҷикистон ҷангафзорҳо аз ҷумла танкҳо, чархболҳо ва техникаи зидди ҳавоӣ медиҳад.

Ба иттилои Спутник, Вазорати дифоъи Русия барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, афзорҳои ҷангӣ аз ҷумла танку чархболҳо медиҳад.

19 декабр дар чорчӯби ҳамкориҳои байнулмилаллии миёни Русия ва Тоҷикистон маросими супоридани афзорҳои ҷангӣ ба Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши манбаъ, ба Тоҷикистон аз ҷумла БТР-80, худравҳои БМП-2, танкҳои Т-72, чархболҳои Ми-8 и Ми-24, афзорҳои алоқавӣ ва дигар навъи ҷангафзорҳо дода мешавад.

Ин ҷанафзорҳо дар доираи Барномаи навсозии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки барномаи аслии рушди малакаи ҷангии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар буда, барои таҳкими амният дар марз бо Афғонистон мусоидат мекунад, ба Тоҷикистон супорида мешаванд.

Пештар раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки Русия омодааст, аз Афғонистон дар муборизааш бо таҳдидҳои теруристӣ пуштибонӣ кунад.

Путин бо ишора ба инки ҳукумати марказии Кобул ниёз ба ҳимояти ҷомеъаи байналмилалӣ дорад, афзуд, ки Русия омодааст аз ин кишвар ҳимоят кунад.