Декабр 19, 2017 10:32 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди муддати боздошти масъулони ширкати сӯхтии Умед 88

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муддати боздошти масъулони ширкати таъмини сӯхти “Умед 88”-ро барои ду моҳи дигар тамдид кард.

Ба нақл аз Toptj, Хусрав Айюбӣ, вакили мудофеи Раҷабалӣ Одинаев, мудири боздоштшудаи ширкати таъмини сӯхти “Умед 88” гуфтааст, ба иллати ниёз ба вақти бештар барои бозрасӣ аз фаъолияти молии ин ширкат, додгоҳ муддати боздошти муваккилашро ду моҳи дигар тамдид кард .

Қаблан мақомоти Агентии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов, мудир ва муовини ширкати таъмини сӯхти “Умед 88”-ро муттаҳам ба дарёфти қарз чанд бонку ниҳоди молӣ аз ҷумла ҷамъияти саҳҳомии хоси нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун карда буданд .

Ин ду нафар 171 миллион сомонӣ (муодили 20 миллион доллар)-ро бозпардохт накардаанд .

Ин ду ҳамчунин муттаҳам ба тасарруфи амволи давлатӣ, дарёфти ғайриқонунии қарз ва сӯиистифода аз симмати худ ҳастанд .

Масъулони бахши ташхиси амволи Вазорати адлияи Тоҷикистон, қиммати марокизи сӯхтгирии “Умед 88”-ро 175 миллион сомонӣ баровард кардаанд .

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо фаъолони бахши хусусии кишвар дар октябри имсол, таъкид карда буд, моликони “Умед 88” аз буҷет маблағи 171 миллион сомонӣ қарз гирифтаанд .

Ӯ бо баёни инки моликони ширкат пас аз гузашти чаҳор сол ҳануз ҳам ин пулро пардохт накардаанд, хостори посухгуии онон дар ин замина шуд .