Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон зиёни моддии Шаҳбол Мирзоевро пардохт мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27079-Қушӯнҳои_сарҳадии_Тоҷикистон_зиёни_моддии_Шаҳбол_Мирзоевро_пардохт_мекунад
Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба пардохти маблағи ҷубронпулии сарбоз Шаҳбол Мирзоев тасмим гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 19, 2017 09:54 Asia/Dushanbe
  • Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон зиёни моддии Шаҳбол Мирзоевро пардохт мекунад

Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба пардохти маблағи ҷубронпулии сарбоз Шаҳбол Мирзоев тасмим гирифт.

Ба иттилои сайти Созмони эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ барои зиёни моддӣ ва маънавӣ беш аз 40 ҳазор сомонӣ пардохт мешавад.

Баъди чандин маротиба муроҷиат кардан, Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумита аз ҷабрдида дархост намудааст, ки барои ирсол намудани маблағ мувофиқи қарори суд рақамҳои суратҳисоби Шаҳбол Мирзоевро пешниҳод намоянд.

Гуфта мешавад, қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон қаблан ҳатто розӣ набуданд ин маблағи ҷубронро пардозанд. Сардори маркази матбуотии Сарраёсат Муҳаммад Улуғхоҷаев он вақт хабар дода буд, ки роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳукми суд розӣ нест ва ният дорад аз болои он шикояти кассатсионӣ пешниҳод намояд.

Шаҳбол Мирзоев, ки пас аз донишомӯхтагӣ аз Донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, бар асари лату куби ҳамқаторонаш дар марти 2014 ба шиддати маҷрӯҳу фалаҷи сутунмуҳра шуд.