Даргирии марзбонону қочоқчиён дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон
Декабр 19, 2017 13:55 Asia/Dushanbe
Қочоқбарони номаълуми афғон иборат аз 7-8 нафар бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба амал омадааст.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Сарраёсати қушӯнҳсои сарҳадии Тоҷикистон, қочоқбарон маҷбур шуданд, ба самти Афғонистон фирор кунанд.
Гуфта мешавад, ҳангоми аз назар гузаронии ҷойи ҳодиса, маҷмуан 38 кило анвои маводи мухадир мусодира карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.