Рафтори ғайриинсонӣ бо як муҳоҷири тоҷик дар Русия
Давлатёри Хуҷамёр, як муҳоҷири тоҷик, ки 8 декабр дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав зери чархи мошин монда, баъди 10 рӯз аз бемористон берун кардаанд.
Ба иттилои манобеи хабарӣ, Давлатёрро, ки ҳатто роҳ гашта наметавонад, муҳоҷирони дигари тоҷик дар як хонаи нимсохт бистаре партофта, ҷой кардаанд.
Давлатёри Хуҷамёр 8 декабр дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав зери чархи мошин монд ва “Ёрии таъҷилӣ” ӯро рост рӯи кати ҷарроҳӣ бурд.
Баъди 10 рӯз табобат дар ҳоле, ки беҳбудии комил наёфта буд, ӯро аз бемористон берун карданд. Ҳоло онки Давлатёр дар Русия қонунӣ кору зиндагӣ мекард ва суғуртаи тиббӣ ҳам гирифта буд.
Изатт Амон, фаъоли умури муҳоҷирон гуфтааст, ки ҳатто фашистҳо одами маризро дар чунин ҳолат дар кӯча намепартоянд.