Дар Душанбе намоишгоҳи "Истеҳсоли Хитой-Тоҷикистон 2017" оғоз гардид
Дар Кохи Борбад маросими расмии оғози Намоишгоҳи "Истеҳсоли Хитой-Тоҷикистон 2017” баргузор гардид.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи намоишгоҳ рӯзи гузашта дар Кохи Борбад баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 70 ширкат ва корхонаҳои бонуфузи музофоти Шандун, Хенан, Хубей ва музофоти мухтори Синҷон-Уйғури Чин ширкат карданд.
Ҳадаф аз ташкили намоишгоҳи "Истеҳсоли Хитой"-Тоҷикистон 2017" рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, дарёфти шарикон, ҷалби сармояву технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба мебошад.
Имрӯз дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши соҳибкорони Чин ва Тоҷикистон баргузор мегардад.