Дуюмин нишасти Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Кувейт баргузор шуд
Декабр 19, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
Дуюмин нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Кувейт дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмию фаннӣ баргузор шуд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоотии Вазорати умурии хориҷии Тоҷикистон, ин нишаст ба раёсати Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва Халиф Ҳаммод, муовини аввали вазири дороии Кувейт сурат гирифт. Дар ин иҷлос тарафайн масоили марбут ба вазъияти феълӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои Душанбе ва Кувейтро баррасӣ карданд. Ҳамчунин дар ин нишаст масоили марбут ба ҳамкорӣ дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷорат, сармоягузорӣ, омӯзиш, кишоварзӣ, гардишгарӣ, фарҳангу ҳунар, варзиш, умури бонкӣ ва иртиботи ҳавоии миёни ду кишвар баррасӣ шуд.