Декабр 20, 2017 12:54 Asia/Dushanbe
  • Се миллиарду 600 миллион доллар ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 11 моҳ

Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли ҷорӣ ба се миллиарду 600 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 20 миллион доллар бештар аст.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА”, аз моҳи январ то ноябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон як миллиарду 96 миллион доллар анвои коло ба хориҷ аз кишвар содир шуд, ки наздик ба 287 миллион доллар бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл аст.

Дар ин муддат ҳамчунин ду миллиарду 500 миллион доллар маҳсулот вориди Тоҷикистон шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 267 миллион доллар камтар аст.

Тайи ин муддат Тоҷикистон бо 108 кишвари хориҷӣ доду ситад доштааст ва Русияву Қазоқистон ду шарики аслии тиҷории он будаанд.

Мизони табодули маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Русия тайи 11 моҳи соли ҷорӣ ба 843 миллион доллар расида ва бо Қазоқистон ба маблағи 754 миллион доллар муомилоти тиҷорӣ анҷом шудааст.

Ин шохис нишон медиҳад, дар ин муддат мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Русия 11 дарсад коҳиш ва бо Қазоқистон 30 дарсад афзоиш ёфтааст.

Аммо мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Чин тайи ин муддат бо 36 дарсад коҳиш, дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ба 526 миллион доллар расидааст.

 Ҳамчунин тайи ин муддат муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Узбакистон ба 110 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта афзоиши 85 дарсадиро нишон медиҳад.