Эътирози ронандагони қирғиз ба афзоиши боҷи транзитӣ аз сӯйи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27133-Эътирози_ронандагони_қирғиз_ба_афзоиши_боҷи_транзитӣ_аз_сӯйи_Тоҷикистон
Гурӯҳе аз ронандагони Қирғизистон аз афзоиши аворизи транзитӣ аз сӯйи Тоҷикистон дар масири Ботканд – Исфара ба масъулони вилояти Ботканд шикоят кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 20, 2017 11:38 Asia/Dushanbe
  • Эътирози ронандагони қирғиз ба афзоиши боҷи транзитӣ аз сӯйи Тоҷикистон

Гурӯҳе аз ронандагони Қирғизистон аз афзоиши аворизи транзитӣ аз сӯйи Тоҷикистон дар масири Ботканд – Исфара ба масъулони вилояти Ботканд шикоят кардаанд.

Ба гузориши сомонаи “СА –Нюс”, ин ронандагон гуфтаанд, ки аз 15-уми декабри соли ҷорӣ тарафи Тоҷикистон ба баҳонаи масоили зистмуҳитӣ иқдом ба афзоиши дарёфти аворизи транзитӣ аз комюнҳои қирғизӣ кардааст, ки сарфаи иқтисодӣ барои қирғизҳо надорад.

 Тоштон Эшамбердиев, яке аз ронандагони Қирғизистон гуфтааст, бар асоси нархномаҳои ҷадид бояд ҳар ронандаи комюн барои як бор убур аз марзи Тоҷикистон ду ҳазору 400 сом (300 сомонӣ) пардохт кунад.

Ба гуфтаи вай, агар ҳар ронандае бихоҳад се бор аз марз тараддуд кунад, ин маблағ беш аз ҳафт ҳазор сом мешавад, ки ҳеҷ тавҷеҳи иқтисодӣ надорад.

Аз ин рӯ, акнун ронандагони қирғиз дигар дар ин масир тараддуд намекунанд. Дар ҳоле, ки ҳамарӯза аз гузаргоҳи марзии “Қизил Бел” 700 то 900 нафар мусофир ва 80 худрав вориди хоки Тоҷикистон мешавад.

 Аз ин масир аз Қирғизистон ба Тоҷикистон сӯхт, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ ворид ва яке аз роҳҳои муҳими транзитӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя маҳсуб мешавад.

 Алишер Абдураҳмонов, муовини аввали раиси вилояти Ботканди Қирғизистон дар посух ба шикояти ронандагони ин кишвар қавл додааст, ки бо мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкил музокира хоҳад кард.