Декабр 20, 2017 15:59 Asia/Dushanbe
  •  Дастури Раҳмон барои маросими бузургдошти сиюмин Солгарди Истиқлоли Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони баргузории маросими бузургдошти сиюмин Солгарди Истиқлоли ин кишварро содир кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин маросим дар рӯзи 9-уми сентябри соли 2021 баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси фармони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар муваззаф шудааст тайи ду моҳи оянда бо ташкили кумитаи тадорукот, барномаҳои ин ҷашнро тарроҳӣ кунад.

Тоҷикистон дар рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли худро аз Шӯравии собиқ эълом кард.