Декабр 20, 2017 18:30 Asia/Dushanbe
  • Русияи артиши Тоҷикистонро таҷҳиз мекунад

Вазорати дифои Русия аз таҳвили таслеҳоти пешрафта ба артиши Тоҷикистон бо ҳадафи тақвияти марзҳои ин кишвар бо Афғонистон хабар дод.

Таҳвили таҷҳизоти низомии русӣ ба Тоҷикистон дар чорчуби ҳамкориҳои низомӣ ва фаннии миёни Маскаву Душанбе, бо ҳадафи мубориза бо таҳдидоти террористӣ ва тақвияти манотиқи марзӣ бо Афғонистон сурат мегирад .

Русия силоҳҳои мухталифи туп, васоили нақлияи зиреҳӣ аз ҷумла танкҳои Т-72, чархболҳои тупдор ва сомонаҳои дифоии зиддиҳавоӣ дар ихтиёри низомиёни тоҷик мегузорад.

Пеш аз ин низ раисҷумҳури Русия бар лузуми таҷҳизи ҷумҳуриҳои истиқлолёфтаи Шӯравӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон барои мубориза бо терроризм бавижа дар Афғонистон таъкид карда буд .

Расонаҳои гурӯҳии Афғонистон, шумори террористҳои мустақар дар марзҳои муштараки Афғонистону Тоҷикистонро ҳафт ҳазор нафар эълом карда буданд.

Афғонистону Тоҷикистон 1430 километр марзи муштарак доранд .

Иқдоми Русия дар тақвияти артиши Тоҷикистон ба манзури мубориза бо терроризм, идомаи сиёсатҳои ин кишвар дар мубориза бо террористҳои ҳозир дар кишварҳои Ироқу Сурия аст.

Бахши зиёде аз ин террористҳо аз шаҳрвандони кишварҳое ҳастанд, ки то пеш аз фурупошии қаламрави Шӯравӣ бо ин ном шинохта мешуданд .

Акнун узвияти шаҳрвандони ин кишварҳо дар гурӯҳҳои террористӣ ва бозгашти онҳо ба хона ё кишварҳое монанди Афғонистон метавонад ба бесуботии густардае дар ин минтақа доман бизанад.

Шаклгирии чунин бесуботӣ, ҳаёти хилвати Русияро бо чолиш рӯ ба рӯ хоҳад сохт ва ин кишвар водор хоҳад шуд, ба таври мустақим дар кишварҳое даст ба мудохила бизанад, ки шаҳрвандони он ба воситаи собиқаи даврони Шӯравӣ дидгоҳи мусбате нисбат ба ин мудохила нахоҳанд дошт .

Руйкарди низомии Русия дар қиболи мубориза бо терроризм метавонад ба саркуби гурӯҳҳои террористии ҳозир дар минтақа кумак кунад, аммо ангезаи аъмоли террористиро аз байн нахоҳад бурд.

Кумак ба тавсеаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз байн бурдани фақр дар ин минтақа яке аз аслитарин роҳҳоест, ки метавонад монеи пайвастани шаҳрвандони ин кишварҳо ба гурӯҳҳои террористӣ шавад .