Тоҷикистон иртибот бо Шерхон бандарро мутаваққиф сохт
Масъулони маҳаллӣ дар вилояти Қундуз аз масдуд шудани марз дар минтақаи Шерхон бандар ба рӯи тоҷирону мардуми Афғонистон тавассути давлати Тоҷикистон хабар медиҳанд ва меафзоянд, ки ин иқдомро чаҳор рӯз қабл он кишвар рӯи даст гирифтааст.
Ба нақл аз Спутник, раиси Иттиҳодияи тоҷирони вилояти Қундуз дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки ин иқдоми давлати Тоҷикистон, тоҷирони кишварро аз чанд рӯз бадинсӯ, бо мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ кардааст .
Саид Муҷтабо Ҳошимӣ, раиси Иттиҳодияи тоҷирон дар вилояти Қундуз мегӯяд, ки Тоҷикистон илова бар тоҷирон барои афғонҳое, ки гузарномаҳои сиёсӣ надоранд низ иҷозаи вурудро ба он кишвар намедиҳад.
Вай мегӯяд, ки то ҳануз ҳеч як аз мақомҳои Афғонистону Тоҷикистон, дар мавриди мушкилоти тоҷирони кишвар иқдом накарда ва далели ин корашон низ равшан намебошад.
Айни ҳол, Неъматуллоҳи Темурӣ, сухангуи волии Қундуз мегӯяд, ки Тоҷикистон ба далели омодагӣ барои ҷашни соли нав, марзи Шерхон бандарро масдуд кардааст.
Гуфтанист, ки ин аввалин бор дар ҷарёни як соли ахир аст, ки Тоҷикистон марзи Шерхон бандарро ба рӯи афғонҳо мебандад .