Интиқоду пешниҳоди Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон
(last modified 2017-12-22T14:09:57+00:00 )
Декабр 22, 2017 19:09 Asia/Dushanbe
  • Интиқоду пешниҳоди Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумони ин кишвар авзои дохилӣ ва хориҷии вобаста ба рушди Тоҷикистонро шарҳ дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумони Тоҷикистон бо интиқод аз вазъияти молии феълӣ дар ин кишвар аз ҳукумат хост, ҳарчи сареътар барномаи таҷдиди фаъолияти ду бонки буҳронзада, “Агроинвестбонк” (Бонки сармоягузории кишоварзӣ) ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро таҳия кунад. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз набудани назорат бар дастгоҳҳои марбут ба амри воридоти коло, бавижа маводи ғизоие, ки истифода аз он дар мавориде мӯҷиби марги шаҳрвандон шудааст, ба шиддат ибрози норизоиятӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз роҳандозӣ нахустин чархаи нерӯгоҳи “Роғун” дар соли оянда хабар дода гуфт, то се соли дигар истиқлоли энергетикии Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бахши дигаре аз паёми солонааш пешниҳод кард, соли 2018 Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ номгузорӣ шавад.

Раҳмон дар бахши минтақаӣ ва байналмилалӣ бори дигар ба муборизаи муассир бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид карда, зарурати ҳамкории Тоҷикистонро дар ин замина бо кишварҳои минтақа ва Осиё ёдовар шуд. Ӯ ба таври хос истиқрори ДИИШ дар Афғонистонро ба унвони хатари бузург барои кишварҳои минтақа арзёбӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи паёми худ ҳамчунин аз сиёсатҳои бартариҷӯёнаи қудратҳои ҷаҳонӣ, ки заминасози “ҷанги сард”-и ҷадид аст, интиқод кард.