Декабр 23, 2017 10:38 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Раҳмон аз афзоиши фасоди молӣ дар идороти давлатӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши 25 дарсадии фасоди молӣ дар миёни кормандони идороти давлатии ин кишвар дар соли ҷорӣ ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши сомонаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Парлумони ин кишвар, аз афзоиши фасоди молӣ дар миёни кормандони идороти давлатӣ, сохторҳои интизомӣ, низомӣ ва додгоҳҳо ибрози нигаронӣ кард.

Вай гуфтааст, бештарин мавориди марбут ба фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Тоҷикистон дар миёни кормандони вазоратхонаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, кор ва умури муҳоҷират, кумитаҳои давлатии замин, андоз, ҷавонон ва варзиш, додгоҳҳо ва бонкҳо мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз бахшҳои олуда ба фасоди молӣ, ниҳодҳои марбут ба фурӯши замин аст, ки тайи 10 соли гузашта дар ин замина як ҳазору 300 навъ тахаллуфи иборат аз фасоду ришвахорӣ сабт шудааст.

Аз ин рӯ, ба идороти ҳукуматӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тавсия шудааст, ки кадрҳоро бар асоси озмуни тахассусӣ гузиниш кунанд.

 Вай ҳамчунин бо ишора ба боздошт ва маҳкумияти 10 корманди Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, онро нишонаи рушди ин падида дар миёни ниҳодҳои масъули давлатӣ унвон кард.