Радиои тоҷикии Садои Хуросон 25 сола шуд
Радиои тоҷикии Садои Хуросон имрӯз (шанбе) – 23-юми декабр 25 сола шуд.
Радиои тоҷикӣ пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ ва истиқлоли ҷумҳуриҳои тобеи он дар соли 1991-и мелодӣ, бо таваҷҷуҳ ба ягонагии фарҳангӣ, таърихӣ ва забонӣ миёни мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷиҳати ошноӣ ва наздикии ҳар чӣ бештари ду миллати дурафтода аз ҳам, оғоз ба кор кард.
Оғози фаъолияти ин радио дар солрӯзи мабъаси ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам (дувуми даймоҳи соли 1371, баробар бо 23-юми декабри соли 1992) бо пахши рӯзона 60 дақиқа барнома сурат гирифт.
Ин радио дар ҳоли ҳозир рӯзона се соат барнома дорад, ки 90 дақиқаи он ҳар саҳаргоҳ ва 90 дақиқаи он ҳар шомгоҳ пахш мешавад.
Иттилоърасонӣ ва таҳлили таҳаввулот ва рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа ва ҷаҳон ва ошно сохтани мухотабон бо Ислом ва паёми инқилоби исломӣ аз аҳдофи Радиои тоҷикӣ аст.
Радиои тоҷикӣ дар байни шунавандагони тоҷик ба номи “Садои Хуросон” маъруф аст.
Сайти тоҷикӣ ҳам дар ибтидо ба хатти форсӣ дар ноябри соли 2010 ба сурати расмӣ ифтитоҳ шуд.
Мавзӯоти матраҳ дар сайт шомили ахбор, гузоришҳо, тафсири рӯзи минтақа ва матбуоти Тоҷикистон аст.
Илова бар ин, файлҳои савтии барномаҳои тавлидии радио ҳам барои корбарон қобили шунидан аст.
Сафҳаи крилии сайти тоҷикӣ низ ҳамзамон бо Иди Саиди Қурбон дар ноябри соли 2011 рӯнамоӣ шуд.
Ҳамакнун матолиби сайти тоҷикӣ ба ду хатти форсӣ ва крилӣ дар дастраси мухотабон аст.
Линки матолиби сайти тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Однокласники, Твиттер ва Телеграм ҳам қарор дода мешавад.
Радио ва сайти тоҷикӣ аз ҳамроҳии содиқонаи мухотабони худ дар тӯли ин солҳо қадрдонӣ мекунад.