Декабр 23, 2017 16:35 Asia/Dushanbe
  • Додоҷони Атовуллоҳ: Ба наздикӣ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунам

Яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар сафҳаи “Фейсбук”-и худ хабар дод, ба зуддӣ бо раисиҷумҳури ин кишвар мулоқот хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, пас аз ин иддаои Додоҷон Атовуллоҳ, ҳанӯз мақомҳои расмӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Додоҷони Атовуллоҳ бо иддаои инки аз тарафдоронаш ҳеҷ чизро пинҳон намекунад ва ҳамаи корҳояшро ошкор анҷом медиҳад, афзудааст: “дар тамоми олам вохӯрии як сиёсатмадори мухолиф бо роҳбари кишвар ин як амри маъмулист ва маънои худро фурӯхтан ё таслим шуданро надорад.”

Додоҷони Атовуллоҳ дар мавриди ҳадафи худ аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон навишт: "ман ҳеҷ тамаъе надорам, на мансаб ва мақоме мехоҳам ва на имтиёзе; Ин танҳо як музокира ва мулоқот хоҳад буд".

Ӯ замон ва макони мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонро номушаххас хоҳад ва дар бораи иллати он ҳам гуфт, дар Тоҷикистон ва дар баданаи ҳукумат кам нестанд касоне, ки бозгашти ӯро ба Тоҷикистон намехоҳанд.

Ҳанӯз касе аз мақомҳои расмии Душанбе хабари мулоқоти қарибулвуқуи Додоҷони Атовуллоҳ ва раисиҷумҳури Тоҷикистонро тасдиқ ё рад накардааст.