Ҳизби демократ мухолиф ҳаст, аммо душмани ҳукумати Тоҷикистон нест
(last modified Sun, 24 Dec 2017 06:51:42 GMT )
Декабр 24, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳизби демократ мухолиф ҳаст, аммо душмани ҳукумати Тоҷикистон нест

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва намояндаи маҷлиси қонунгузории ин кишвар, ки ду бора ба раёсати ин гурӯҳ интихоб шуд, мӯътақид аст, ки ин гурӯҳ мухолифи бархе сиёсатҳои ҳукумати ин кишвар мебошад, аммо душмани давлат нест.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Саидҷаъфар Усмонзода пас аз интихоби дуборааш ба раёсати ин ҳизб дар ҷаласаи ҳизбӣ гуфтааст, демократҳо бо бархе сиёсатҳои ҳукумати ин кишвар мухолифанд, аммо душмани давлат нестанд.

Вай дар ҷаласаи навбатии ин ҳизб, ки рӯзи 23 декабр дар шаҳри Душанбе бо ҳузури 120 намояндаи Ҳизби демократ баргузор гардид, бо аксарияти оро ба муддати 5 соли дигар уҳдадори раёсати ин гурӯҳи сиёсӣ шуд. Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки агар дар ҳар кишвар ва ҷомеа аҳзоби мухолиф вуҷуд надошта бошанд, он ҷомеа ва кишвар пешрафт намекунанд. Вай иддаои бархе аз коршиносонро бино бар ин, ки ҳаракати Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳамсӯ бо сиёсатҳои Ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ мебошад, рад карда гуфтааст, ки ин гурӯҳи сиёсӣ дар қиболи масоили ин кишвар дидгоҳи мутафовите аз ҳукумат дорад ва пешниҳодот ва интиқодоти худро ҳамвора иброз медорад. Аммо интиқод аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ба маънеи душманӣ бо давлат нест.

Ҷонибдорони раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯянд, ки Саидҷаъфар Усмонзода, ки дар соли 2012 ба раёсати ин гурӯҳи сиёсӣ интихоб шуд, муваффақ шуд, ин ҳизбро аз буҳрони таҷзия ва ду ҷиноҳӣ шудан, ки 18 сол идома дошт, хориҷ созад. Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 1990 дар даврони ҳукумати Шӯравӣ ба унвони гурӯҳи мухолифи сиёсатҳои ҳукумати вақт таъсис шуд, ки тайи 27 сол бо фарозу нишебҳои зиёде, аз ҷумла буҳрони таҷзияталабӣ, рӯбарӯ буд.

Дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 Ҳизби демократи Тоҷикистон барои бори нахуст дар таърихи ин гурӯҳи сиёсӣ муваффақ шуд, Саидҷаъфар Усмонзодаро ба унвони намояндаи хеш, вориди Маҷлиси қонунгузории ин кишвар намояд.