Афзоиши теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27337-Афзоиши_теъдоди_ҷангҷӯёни_ДИИШ_дар_наздикии_марзи_Афғонистон_бо_Тоҷикистон
Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон, теъдоди аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистонро беш аз даҳ ҳазор нафар эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 24, 2017 09:10 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон

Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон, теъдоди аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистонро беш аз даҳ ҳазор нафар эълом кард.

Замир Кобулов эълом кард, бештари аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ, ки аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон омадаанд, дар шимоли ин кишвар, аз ҷумла Ҷузҷон ва Сарипул мустақар шудаанд, ки наздики марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ва Туркманистон қарор дорад.

Ин мақоми вазорати умури хориҷаи Русия пеш аз ин низ дар мавриди таҷаммуи шибҳи низомиён дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд, аммо мақомҳои тоҷик дар посухи ин иддао таъкид мекарданд, Кобулов дар ин маврид иғроқ мекунад.

Генерал Амирқул Азимов, дабири собиқи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон дар вокуниш ба суханони намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон гуфт, ин бор иттилоот дар мавриди теъдоди ҷангҷӯён ва таҷаммӯи онҳо дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон ба воқеият наздик аст ва неруҳои мусаллаҳи кишвари мо дар ҳолати омодабош ҳастанд.

Ӯ бо баёни инки эҳтимол дорад ҳомиёни гурӯҳҳои ифротӣ, “ДИИШ”-ҳои шикастхӯрда дар Сурия ва Ироқро ба марзҳои мо бирасонанд, вале мо ҳеҷ тарсу нигаронӣ аз ин надорем, афзуд, марзбонон ва дигар масъулони амниятии мо аз ҳар иттифоқе дар тарафи дигари рӯдхонаи Панҷ, огоҳ ҳастанд ва иқдомоти пешгиронаро анҷом медиҳанд.

Дабир собиқи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон бо таъкид бар нобудии ҳар кас, ки бихоҳад ба таври ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ҳамла кунад, тасреҳ кард, ҷангҷӯён бояд бидонанд, ки Тоҷикистон узви созмони Паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) аст ва дар сурати лузум, кишварҳои узв тамоми кумакҳои мумкинро барои мо фароҳам мекунанд.