Тоҷикистон: Гугл бояд молиёт бидиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27381-Тоҷикистон_Гугл_бояд_молиёт_бидиҳад
Раиси Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон хостори дарёфти молиёт аз ширкати “Google”, шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 25, 2017 06:41 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон: Гугл бояд молиёт бидиҳад

Раиси Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон хостори дарёфти молиёт аз ширкати “Google”, шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, Нусратуллоҳ  Давлатзода дар номае ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, хостори муваззаф кардани тамоми ширкатҳои хориҷии фароҳамгари хадамоти электронӣ ба ашхоси ҳақиқӣ дар ин кишвар ба пардохти молиёт бар арзиши афзуда шудааст.

Дар ин хабар таъкид шудааст, ки зоҳиран ин нома дар моҳи сентябри имсол унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ирсол шуда ва ба тозагӣ дар дастраси расонаҳои хабарӣ, қарор гирифтааст.

Давлатзода дар ин замина таҷрибаи Русияро мисол задааст, ки ширкатҳои хориҷии “Google”, “Apple”, “Microsoft”, “Facebook”, “Ebay” , “Aliexpress”, “Yahoo”, “Bing”, ки дар ин кишвар аз тариқи Интернет ба фаъолитҳои тиҷорӣ машғул мебошанд, бо пардохти молиёт бар арзиши афзуда танҳо тайи се моҳи нахусти имсол ба буҷаи ҳукумати Русия, ду миллиард рубл вориз кардаанд.

Аммо як коршиноси иқтисодӣ, ки хоста номаш ифшо нашавад ин пешниҳодро ғайриқобили иҷро донистааст.

Вай мӯътақид аст, ки Гугл ба таври ройгон хадамоти истифода аз почтаи электронӣ, мутарҷим ва бархе дигар имконотро дар ихтиёри шаҳрвандони Тоҷикистон қарор дода ва хандаовар аст, ки ин мавзуъ матраҳ гардад.

Аз сӯи дигар ба назар ин коршинос ин навъи иқдомот мӯҷиби хадшадор шудани чеҳраи байналмилалии Тоҷикистон мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки чанд сол қабл Бек Сабурӣ, раиси Хадамот иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон хостори дидор бо муассиси шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” барои ҳалли мавзуи пардохти молиёт аз сӯи ин шабака шуда буд.

Ин коршинос далели матраҳ шудани мавзуи молиёт пардохт кардани ширкатҳои хориҷии фароҳамгари хадамоти электрониро дар Тоҷикистон, касрии буҷаи давлат дар 9 моҳи имсол медонад, зеро кумитаҳои давлатии гумрук ва молиёти Тоҷикистон натавонистанд маблағи 212 миллион сомониро ба буҷаи ҳукумат, вориз кунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ин кумитаҳоро танбеҳ кардааст.