Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i27417-Эмомалӣ_Раҳмон_ба_Маскав_меравад
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 декабри соли 2017 ба Русия меравад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 25, 2017 19:42 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 декабри соли 2017 ба Русия меравад.

Ба иттилои Форс, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви ИДМ ба Маскав меравад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар чорчӯби ин сафар бо раҳбарони кишварҳои узви ИДМ суҳбат хоҳад кард.

Интизор меравад, ки сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия як рӯз давом кунад.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи сешанбе ба Маскав мераваду шом ба Душанбе боз мегардад.