Додоҷони Атовуллоҳ дар роҳи бозгашт ба ватан
Додоҷони Атовуллоҳ, яке аз мухолифони собиқадори ҳукумати Тоҷикистон хабар аз бозгашташ ба Тоҷикистон дод.
Ба иттилои Ахбор, барномаи бозгашти Додоҷони Атовуллоҳ ба Тоҷикистон ниҳоӣ шудааст ва ӯ алакай то соли нав ба Тоҷикистон меояд.
Ба гуфтаи ин манобеъ, қарор аст, Додоҷони Атовуллоҳ дар Душанбе бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон мулоқот кунад.
Додоҷони Атовуллоҳ, ки рӯзноманигор аст, пас аз имзои созишномаи сулҳ ва роҳ наёфтанаш ба ҳукумати Тоҷикистон бар асоси саҳмияи 30 дарсадии мухолифон ба Русия ва сипас Аврупо паноҳанда шуд ва мухолифати сарсахтонаи худро бо давлати Эмомалӣ Раҳмон эълом кард.
Ӯ дар ин давра, созмонҳои мухолифе бо номҳои Ватандор ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистонро таъсис карду ҳамвора алайҳи давлати Душанбе мавзеъгириҳои шадид дошт.
Додоҷони Атовуллоҳ аз тобистони 2017 мавқеи худро тағйир дод ва гуфт, мухолифони ҳукумат дар муқобили ҳукумати Раҳмон шанси зиёде надоранд ва бояд интихоб кунанд, ки “ё мо дар мухолифат мемирем ва ё бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пушти мизи музокирот мешинем”.
Моҳи ноябр Саидиброҳими Назар, яке аз собиқадорони ҲНИТ баъди беш аз ду соли ҳиҷрат аз Эрон ба Душанбе баргашт.