Қонуни дарёфти молиёт аз роҳҳои Тоҷикистон феълан лағв намешавад
Шурои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон молиёти баҳрабардорӣ аз роҳҳоро, ки қарор буд аз имсол дигар ситонда нашавад, ҳамчунон бар ҷой гузошт.
Ба гузориши Азия-Плюс, Шуро ба ин натиҷа расид, ки бо таваҷҷуҳ ба буҳрони молии ҷаҳонӣ, камбуди даромад ва пуштибонӣ аз будҷа, ин молиёт то 31 декабри соли 2020 аз ронандагон дарёфт карда шавад.
Соли 2012 ҳангоми баррасӣ ва тасвиби Қонуни нави молиёт эълом шуда буд, ки молиёти истифода аз роҳҳои мошингард аз моҳи январи соли 2015 коҳиш хоҳад ёфт ва аз 1 январи соли 2017 комилан бекор карда хоҳад шуд.
Аммо дар поёни соли 2016 Маҷлиси намояндагон бекор кардани ин молиётро то 1 январи соли 2018 вогузор карда буд.
Вазорати молияи Тоҷикистон он замон дар мухолифат бо бардоштани молиёти истифода аз роҳҳои мошингард далел оварда буд, ки бо лағви ин молиёт будҷаи давлатӣ дар соли 2017 камобеш 360 милюн сомонӣ камбуд хоҳад дошт.