Декабр 27, 2017 11:02 Asia/Dushanbe
  • Таъсири муофияти бахши хусусӣ аз санҷишҳои бемаврид бар иқтисоди Тоҷикистон

Иқтисодшиносони тоҷик дар бораи таъсири пешниҳоди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эъломи муофияти дусолаи бахши хусусӣ аз таҳқиқ ва тафаҳҳус (назорату санҷиш) ва таъсири ин иқдом дар иқтисоди кишвар, дидгоҳҳои мутафовитеро баён мекунанд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Парлумони Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки барои осонсозии фаъолияти бахши хусусӣ дар ин кишвар ба муддати ду сол муофият аз санҷишҳои бемавриди ниҳодҳои назоратии ҳукуматӣ эълом шавад.

Аммо иқтисодшиносони тоҷик бо ишора ба таҷрибаи солҳои қабл дар эъломи муофияти ин бахш аз санҷишҳои беасоси ниҳодҳои назоратии ҳукуматӣ, ба ин тарҳ бо дидаи шак ва тардид нигоҳ мекунанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессор ва иқтисоддони саршиноси тоҷик бо ишора ба даст кашидани 200 ҳазор фаъоли бахши хусусии Тоҷикистон аз кор дар соли ҷорӣ, мегӯяд, аз ин муофият бештар гурӯҳҳои сармоядорони бузург суд мебинанд ва ширкатҳои хурд ҳамчунон таҳти фишори шадиди ниҳодҳои назоратии ҳукуматӣ қарор хоҳанд гирифт.

Зеро ширкатҳо ва корхонаҳои бузург бо мақомоти аршади давлатӣ муртабит ҳастанд ва ё аз сӯйи ин афрод таъсис шудаанд, ки мавриди санҷиши ниҳодҳои назоратии ҳукуматӣ воқеъ намешаванд.

Вай муътақид аст, агар моликони ин ширкатҳо мизони даромади воқеии худ ва пардохти молиётро шаффоф нишон диҳанд, буҷети Ҳукумати Тоҷикистон бо касрӣ рӯбарӯ нахоҳад шуд.

 Ҳамчунин Абдулманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик муътақид аст, мушкили бахши хусусии Тоҷикистон вуҷуди фасоди густурда ва ришвахорӣ дар идороти ҳукуматӣ аст.

Вай афзуд: “Солҳои қабл низ ин навъ муофият барои бахши хусусӣ эълом шуд, ки фишори ниҳодҳои назоратии ҳукуматиро коҳиш надод ва касе ҳам барои риоят накардани ин сабукӣ муҷозот нашуд. Аз ин рӯ, дар ҳоле ки решаи иқтисоди Тоҷикистон бемор аст, намешавад бо дармон кардани шоху барги он, мушкилро ҳал кард”.