Декабр 27, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Раҳмон аз интиқоли ДИИШ ба наздикии марзҳои Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз тақвияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон, наздик ба марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Ново-Огарёвои Русия бо муҳим хондани ин масъала мутазаккир шуд, таҳдиди вижа дар ин хусус ҳузури шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дар ин гурӯҳҳост. Ӯ бо таваҷҷуҳ ба воқеияти мавҷуд авзои Афғонистонро, ки беш аз 1400 километр бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, нигаронкунанда тавсиф кард.

Тайи чаҳор рӯзи гузашта ин дувумин бор аст, ки раҳбарияти Тоҷикистон аз интиқоли ДИИШ ба наздики марзҳои ин кишвар дар шимоли Афғонистон ибрози нигаронӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми декабр низ зимни ироаи паёми солона ба парлумони Тоҷикистон ба ин мавзӯъ ишора карда, хостори ҳамкории кишварҳои минтақа бо Тоҷикистон барои рафъи хатари гурӯҳҳои террористӣ шуд.

Нигаронии раисҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳузури ДИИШ дар наздики марзҳои Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пеш аз ин маҳофили амниятӣ ва сиёсӣ-хабарии Русия ва Афғонистон Амрико ва НАТО-ро омили созмондеҳии интиқоли ДИИШ аз ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба шимоли Афғонистон эълом карда буданд.